Ru  | Tj
Доду ситади Тоҷикистон бо Афғонистон дар ним сол аз 45 млн доллар гузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Доду ситади Тоҷикистон бо Афғонистон дар ним сол аз 45 млн доллар гузашт
Акс: аз манбаъҳои боз

Доду ситади Тоҷикистон бо Афғонистон дар ним сол аз 45 млн доллар гузашт

Нашр шуд

Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи беш аз 42 млн доллар молу маҳсулот содир кардааст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи умумии 42,2 млн доллар, аз ҷумла семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва ангиштсанг содир кардааст.

Ҳамзамон дар ин муддат аз Афғонистон ба Тоҷикистон молу маҳсулоти мухталиф ба маблағи 3,5 млн доллар ворид карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Вазорати саноат ва савдои ҳукумати Толибон* ба шабакаи телевизионии Tolonews иттилоъ дод, дар 7 моҳи соли ҷорӣ миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ба маблағи 30 миллион доллар муомилоти тиҷоратӣ анҷом шудааст.

Охундзода Абдулсалом Ҷавод, сухангӯи ин вазорат гуфт, ки дар ин муддат Афғонистон ба Тоҷикистон ба маблағи 8 миллион доллар содирот карда, аз ин кишвар ба маблағи 22 миллион доллар молу маҳсулот ворид кардааст.

Гуфта мешавад, ки маҳсулоти аслии содироти Афғонистон ба Тоҷикистон бодинҷон, бодиринг, зираи сиёҳ, картошка, себ, бодом ва анор аст. Аз Тоҷикистон бошад ба Афғонистон семент, тухми мурғ, воситаҳои нақлиёт, равғани офтобпараст, сӯзишвории дизелӣ ва қисмҳои эҳтиётии мошин содирот шудааст.

Дар ҳамин ҳол ахиран эълон шуд, ки Тоҷикистон ният дорад дар марз бо Афғонистон як минтақаи содиротӣ таъсис диҳад.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, раиси Агентии содироти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар ин замина гуфт, ки минтақаи содиротӣ ҳамчун як маркази логистикии бузург дар қаламрави бетарафи гузаргоҳи марзии Панҷи Поён – Шерхон Бандар бунёд мешавад.

Аз сӯи дигар ахиран ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, роҳи оҳани кишварашро то ба марзи Афғонистон тамдид кунад.


 *- созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед