Ru  | Tj
Додугирифти коло миёни Русия ва Тоҷикистон қариби 17% афзоиш ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додугирифти коло миёни Русия ва Тоҷикистон қариби 17% афзоиш ёфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Додугирифти коло миёни Русия ва Тоҷикистон қариби 17% афзоиш ёфт

Нашр шуд

Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо Русия аз моҳи январ то майи соли ҷорӣ беш аз 823 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,6% бештар аст. 

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ Русия ҷойгоҳи бузургтарин шарики тиҷоратии ин кишварро нигоҳ дошт. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Тибқи ин гузориш, дар ин муддат воридот аз Русия ба Тоҷикистон 770,3 миллион доллар ва содирот ба Русия тақрибан 52,8 миллион долларро ташкил додааст. 

Русия инчунин мақоми шарики асосии Тоҷикистон дар бахши воридотро низ ҳифз кардааст.

"Воридот асосан аз кишварҳои зерин сурат гирифтааст: Русия - 26,6% аз ҳаҷми умумии воридот, Чин - 19,8%, Қазоқистон - 15,7%", - зикр мешавад дар гузориш. 

Содирот аз Тоҷикистон ба Русия бошад ҳамагӣ 6 дарсади ҳаҷми умумии содирот аз ин кишварро ташкил дод.

Аз рӯи ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон, дар ҷои дуюм Чин бо 726,8 миллион доллар қарор дорад, ки нисбат ба панҷ моҳи соли гузашта 23,7% афзоиш ёфтааст.

Миёни кишварҳои ИДМ пас аз Русия бузургтарин ҳаҷми муомилоти тиҷоратиро Тоҷикистон бо Қазоқистон дорад. Дар ин муддат тиҷорат миёни ду кишвар ба 550 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6% бештар аст.

Дар баробари ин, шарикони асосии содиротии Тоҷикистон дар ин муддат Швейтсария - 33,9%, Чин - 17,4 % ва Туркия - 10,7 % дониста мешавад. 

Дар умум ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 780 миллион доллар расид, ки нисбати соли гузашта 33 дарсад бештар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews






Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед