Ru  | Tj
Доналд Трамп: “Бояд ба Афғонистон баргардем”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Доналд Трамп: “Бояд ба Афғонистон баргардем”
Акс: Интернет

Доналд Трамп: “Бояд ба Афғонистон баргардем”

Нашр шуд

Президенти пешини ИМА Доналд Трамп бо ишора ба таҷҳизоти боқимондаи низомӣ дар Афғонистон гуфта, ки бояд рӯзе ба Афғонистон баргашта ва таҷҳизоти худро бозпас гиранд.

"Дар Афғонистон гузоштани беҳтарин таҷҳизоти низомии ҷаҳон аблаҳтарин чизест, ки ман то ҳол дидаам" - гуфтааст раисиҷумҳури собиқи Амрико дар як гирдиҳамоӣ дар штати Мичиган.

Бояд гуфт, ки пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ тамоми техникаи низомие, ки Амрико барои бунёд ва таҳкими артиши Афғонистон додааст, ба дасти Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) афтод.

Аз он вақт инҷониб, Доналд Трамп борҳо аз тасмими Байден, ки боиси суқути ҳукумат ва хурӯҷи бесарусомон аз Афғонистон шуд, интиқод кард.

Чанд рӯз пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ӯ гуфт, ки арзиши тахминии таҷҳизоти низомии дасти Толибон ҳудуди 85 миллиард долларро ташкил медиҳад.


Толибон муҳофизи Аҳмад Масъудро боздошт кардаанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед