Ru  | Tj
Доналд Трамп: Мо Афғонистонро тарк накардем, балки таслим шудем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Доналд Трамп: Мо Афғонистонро тарк накардем, балки таслим шудем
Акс: РБК

Доналд Трамп: Мо Афғонистонро тарк накардем, балки таслим шудем

Нашр шуд

Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар як наворе, ки дар солгарди интихоботи баҳсбарангези соли 2020 нашр шуд, гуфтааст, ки интихобот тақаллубӣ буда ва Байден тақаллуб кардааст.

"Ба сарҳадҳо нигаред, ба иқтисодиёт нигаред, ба таваррум нигаред, ба хуруҷ аз Афғонистон нигаред, ки хеле фоҷиабор буд" гуфтааст Трамп, дар ин навор. 

Ӯ афзудааст, ки хурӯҷ аз Афғонистон ин баромадан набуда, балки таслим шудан аст. 

Ҷаноби Трамп дар наворе, ки сухангӯи ӯ Лиз Ҳаррингтон дар “Твиттер” нашр кардааст, боз чунин афзудааст: "Дар ҷараёни ин хурӯҷ ба истилоҳ, садҳо нафар кушта шуданд. Ба фикрам, мо дар таърихи мамлакати худ ҳеҷ гоҳ аз ин дараҷа пасттар набудем».

Раисиҷумҳури собиқи Амрико борҳо хурӯҷи нерӯҳо аз Афғонистон ва пирӯзии Толибонро барои Амрико нангин хондааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15-уми август Толибон бо ворид шудан ба Кобул ҳукумати Афғонистонро ба ихтиёр дароварда ва инак ҳукуматдорӣ мекунанд. Танҳо Панҷшер дар ихтиёри Толибон набуда, ҳоло дар ин минтақа ва баъзе атрофи он муборизаҳои зидди Толибӣ идома дорад.



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед