Ru  | Tj
Донишҷӯдухтари тоҷик «Беҳтарин донандаи забони чинӣ-2021» эътироф шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Донишҷӯдухтари тоҷик «Беҳтарин донандаи забони чинӣ-2021» эътироф шуд
Акс: SugdNEWS

Донишҷӯдухтари тоҷик «Беҳтарин донандаи забони чинӣ-2021» эътироф шуд

Нашр шуд

Озмуни байналмилалии "Пули забони чинӣ" моҳи май дар Тоҷикистон оғоз гардида, ғолибон маҷозан дар даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд. 

Ба иттилои АМИТ "Ховар", Мӯниса Насруллоева дар озмуни мазкур ҷойи саввумро ишғол намуда, ба феҳрасти "15 донишҷӯйи хориҷии беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021" шомил шудааст.

Ба таъкиди манбаъ, озмуни байналхалқии «Пули забони чинӣ» бо иқдоми Сафорати Чин дар Тоҷикистон имсол моҳи май оғоз гардида, дар се давр баргузор гардид. 

Дар озмуни мазкур донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Муҳаммадҷон Азизов сазовори ҷойи якум, донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мӯниса Насруллоева  ҷойи дувум ва  донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Қиёмиддин Ҷалилов ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рабониддин Маҳмудов сазовори ҷойҳои сеюм гаштаанд.

Ба даври ниҳоӣ асосан довталабоне роҳ дода мешаванд, ки дар кишвари худ дар се даври озмун ҷойи аввалро ишғол намуда бошанд. 

"Бинобар дар даври ниҳоӣ иштирок накардани Муҳаммадҷон Азизов ман ба ҷойи ӯ Тоҷикистонро дар ин озмун намояндагӣ намудам",- шарҳ додааст Насруллоева. 

Гуфта мешавад, ки даври ниҳоии озмун аз моҳи август оғоз шуда, то 20-уми октябр давом ёфт. Даври мазкур маҷозан баргузор гардидааст.

Илова мегардад, ки дар озмун саволҳо доир ба таърих, фарҳанг ва географияи Чин дода шуда, довталабон ба онҳо ба забони чинӣ посух гуфтаанд.

Даври финалии Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» дар шаҳри Пекин сурат гирифта, сардафтари институти Конфутсий дар он иштирок намудааст.

Ҳамчунин, дар озмун 70 ҳазор нафар довталаб аз 101 кишвари ҷаҳон иштирок намудаанд. 

Озмуни байналмилалии "Пули забони чинӣ" ҳамасола бо иқдоми Институти Конфутсий дар зиёда аз 100 давлати дунё гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки имсол озмуни мазкур 20-солагиашро ҷашн мегирад.


16-уми ноябр ғолибони озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" маълум мешаванд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед