Ru  | Tj
Донишҷӯёни Коллеҷи санъати Душанбе дар Озмуни байналмилалии «УРАЛ–ИЛЕ» ҷойи якумро гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Донишҷӯёни Коллеҷи санъати Душанбе дар Озмуни байналмилалии «УРАЛ–ИЛЕ» ҷойи якумро гирифтанд
Акс: YouTube

Донишҷӯёни Коллеҷи санъати Душанбе дар Озмуни байналмилалии «УРАЛ–ИЛЕ» ҷойи якумро гирифтанд

Нашр шуд

Дар саввумин озмуни байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавии «УРАЛ–ИЛЕ» дар Русия донишҷӯёни тоҷик сазвори мақоми аввал гардиданд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, донишҷӯёни дастаи созҳои халқии Колллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар севумин озмуни байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавии «УРАЛ–ИЛЕ», ки дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал шуданд.

Гуфта мешавад, ин озмун тариқи онлайн ва бо ибтикори Вазорати фарҳанги Бошқирдистон ва Донишкадаи давлатии санъати Уфа доир шудааст.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин Мадина Баротова, донишҷӯи соли сеюми Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар ин озмуни байналмилалӣ дар номинаи “Сози думбра” ҷойи сеюмро ишғол кардааст.

Бояд гуфт, ки озмуни байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавии «УРАЛ–ИЛЕ» аз соли 2019 ба ин сӯ ҳамасола дар маркази Бошқирдистон баргузор мешавад.

Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ҳанӯз соли 1945 ҳамчун Омӯзишгоҳи мусиқӣ таъсис ёфта, баъдан бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2004 ба Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов табдил ёфтааст. Таҳсил дар ин коллеҷ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.


Қадрдонии 2 ширкати тоҷикӣ дар озмуни ИДМ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед