Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Донишҷӯёни тоҷик иҷозати вуруд ба Русияро гирифтанд
Нашр шуд
Ҳукмати Русия қарори худро дар бораи иҷозат додан барои донишҷӯёни дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекарда баровард.
Дар қарор гуфта шудааст, ки ба донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, ординаторҳо ва дигар шунавандагони курсҳои тайёрӣ аз кишварҳои вазъи эпидемиологии хуб дошта (Тоҷикистон, Венесуэла, Олмон, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка), метавонанд таҳсилро идома диҳанд, гуфта шудааст дар саҳифаи расмии Вазорати маорифи Русия.
Шарти асосӣ барои таҳсилкунандагон ин огаҳ намудани донишгоҳҳои худ ва гирифтани тасдиқ оиди вурудшавӣ 10 рӯз қабл аз сафар, супоридани ду ташхиси манфӣ оиди надоштани Covid-19 72 соат пеш ва баъди сафар бо забонҳои русӣ ё англисӣ ва нигоҳ доштани худ дар ҷойи истиқомат дар Русия дар давоми маълум шудани натиҷаи ташхис.
Дар ҳолати пайдо шудани мушкилот ва саволҳо ба суроғаи scminobr@mail.ru, ё телефонҳои +7(495)198-00-00 шаҳрвандон муроҷиат карда метавонанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед