Ru  | Tj
Донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои олии Қирғизистон метавонанд ба таҳсил баргарданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои олии Қирғизистон метавонанд ба таҳсил баргарданд
Акс: Интернет

Донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои олии Қирғизистон метавонанд ба таҳсил баргарданд

Нашр шуд

Девони вазирони Қирғизистон қарор кард, барои донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, марзҳоро боз кунад.

Ба маълумоти "Фергана", муовини раёсати Девони вазирон дар саҳифаи «Twitter»-аш оид ба кушода шудани марз барои донишҷӯёни тоҷик хабар додааст.

"Яке аз аввалин тасмимҳои девони нави вазирон ин буд, ки барои донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои олии кишвари мо таҳсил мекунанд, сарҳадҳо кушода шаванд." - навиштааст Байсалов.

Ҳамчунин, муовини Девони вазирони Қирғизистон донишҷӯёни тоҷикро чун пули мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии бародарони тоҷику қирғиз унвон кардааст.

Котиботи Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Қирғизистон ҳанӯз дар ин бора маълумоти расмӣ надодаанд.

Дар авохири моҳи апрели соли 2021 дар пайи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон сарҳадҳо баста шуданд.




Дар Русия бинобар авҷ гирифтани коронавирус як ҳафтаи истироҳат эълон мешавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед