Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Донишҷӯйи африқоӣ дар Русия бо забони тоҷикӣ диктант навишт
Нашр шуд
Як нафар донишҷӯйи русизабони риштаи шарқшиносии Донишгоҳи Қазон (КФУ) ва донишҷӯйи африқоӣ аз Донишгоҳи сохтмон ва меъморӣ бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия диктант навиштанд. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Қазон ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ диктанти сартосарӣ баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ дар диктант, ки таҳти унвони “Забони тоҷикиро дӯст бидорем” баргузор шуд, тамоми хоҳишмандон, сарфи назар аз синну сол, миллат ва сатҳи забондонӣ ба таври ҳузурӣ ва онлайн ширкат карданд.
"Ҳадафи аслии навиштани ин диктант эҳтиром ба забони модарӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани ин мероси гаронбаҳои аҷдодон аст" - меафзояд манбаъ.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед