Ru  | Tj
Ду амали террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ду амали террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шуд

Ду амали террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шуд

Нашр шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 39 нафар бо иттиҳоми маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ боздошт шуданд.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 3 амали террористӣ ва 2 амали сӯиқасд ба терроризм сабт шуд, ки ин ҷиноятҳо ошкор гардиданд.

Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Дар баробари ин ба гуфтаи вай, дар ин муддат дар Тоҷикистон 95 ҳолати маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ сабт шуд, ки 43 ҳолати он ошкор ва 39 нафар боздошт шуданд.

Абдураҳмон Аламшозода афзуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба терроризм дар доираи ин парвандаҳо 500 ҳазор сомониро ташкил дод.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1381 нафар, ки барои ҷиноятҳои гуногун таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд, боздошт шудаанд. Аз ҷумла, аз тариқи пулиси байналмилалӣ ё худ Интерпол 44 нафар боздошт шуд, ки 22 нафари онҳо алакай ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед