Ru  | Tj
Ду ҳамлаи мусаллаҳона дар Сиистону Балучистони Эрон шаш кушта барҷой гузошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ду ҳамлаи мусаллаҳона дар Сиистону Балучистони Эрон шаш кушта барҷой гузошт
Акс: аз манбаъҳои боз

Ду ҳамлаи мусаллаҳона дар Сиистону Балучистони Эрон шаш кушта барҷой гузошт

Нашр шуд

Расонаҳои Эрон хабар доданд, ки дар ду ҳамлаи мусаллаҳона дар навоҳии "Некшаҳр" ва "Хош"-и вилояти Сиистону Балучистон дастикам шаш нафар, аз ҷумла як фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, нахустин ҳамла субҳи имрӯз (1 октябр) ба ширкаткунандагони “Ҷашни отифаҳо” дар мактаби “Муҳсини Шайхон”-и шаҳри Бант, вулусволии Некшаҳри Сиистону Балучистон сурат гирифт.

Бино ба гузориши ин расона, афроди мусаллаҳ аз мошини навъи "Пежо" ба сӯи ширкаткунандагони ин ҷашн тир холӣ кардаанд.

ИРНА афзуд, ки дар ин тирандозӣ 4 нафар, аз ҷумла як фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шуданд.

Ҳамлаи дуввуми мусаллаҳона низ ба мошини ҳомили маъмурони пулиси эронӣ дар вулусволии "Хош"-и Сиистону Балучистон сурат гирифт.

Садо ва симои Эрон гузориш дод, ки дар ин ҳамла дастикам ду афсари пулис кушта шудаанд. 
  
То кунун касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар уҳда нагирифтааст.

Бояд гуфт, ки ахиран ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Сиистону Балучистони Эрон афзоиш ёфтааст.

Ду рӯз қабл дар вулусволии Ҳирманди Сиистону Балучистон як марзбон ва дар вулусволии Роск ва Хоши ин вилоят як афсар ва як сарбоз кушта шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед