Ru  | Tj
Ду ҷавони ӯзбек пойи пиёда аз Тошканд ба Душанбе меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ду ҷавони ӯзбек пойи пиёда аз Тошканд ба Душанбе меоянд
Акс: Азия-Плюс

Ду ҷавони ӯзбек пойи пиёда аз Тошканд ба Душанбе меоянд

Нашр шуд

Сокинони ҷавони вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон Элдор Ҷураев ва Шерхон Шербоев иқдом гирифтаанд, ки аз шаҳри Тошканд то пойтахти Тоҷикистон пойи пиёда биёянд. Дар ин бора "Kun.uz" иттилоъ медиҳад.

Масофае, ки онҳо тавассути хатсайри Тошканд-Бекобод, Истаравшан, Шаҳристон-Айнӣ-Варзоб-Душанбе тай карданӣ ҳастанд, дар маҷмӯъ 415 километрро ташкил хоҳад дод.

Элдор ва Шерхон ният доранд, аз соати 7- саҳар то 7-и бегоҳ 42-48 километр роҳро тай намоянд. Тибқи нақша, онҳо 415 километр масофаро дар 9 рӯз бояд паси сар кунанд.

"Марафони дустӣ"-и ин ду ҷавони ӯзбек моҳи октябр баргузор мегардад.

Аз 15-уми феврал то 24-уми март Ҷӯраев ва Шербоев аз Андиҷон то Муйнак пойи пиёда рафтаанд.




Иқдоми ҷолиби Ҳусния. Муарифии китобҳои вахиву шуғнонӣ дар Ню-Йорк

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед