Ru  | Tj
Ду нафар тоҷикони муқими Русия бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ду нафар тоҷикони муқими Русия бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардиданд
Акс: Википедия

Ду нафар тоҷикони муқими Русия бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардиданд

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни истиқлоли давлатӣ ду нафар тоҷикони муқими Русияро бо ордени "Дӯстӣ" қадрдонӣ кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ дод, ки бо фармонҳои Президенти кишвар Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдову саноати Русия дар Тоҷикистон ва Баҳром Ахмедов, табиби тоҷики муқими Русия бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Манбаъ афзудааст, ин орденҳо ба  Бобоҷон Шарифов ва Баҳром Ахмедов дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон ба истиқболи 31-солагии Истиқлоли кишвар аз ҷониби Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода супорида шудаанд.

Гуфта мешавад, Сафири Тоҷикистон дар Маскав дар ин ҷаласа аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо Сафорат ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монанд.

Ордени "Дӯстӣ" мукофоти давлатии Тоҷикистон аст, ки бо он арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ходимони илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содиқона ва пурмаҳсул ҷиҳати таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо ва саҳми арзанда дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва зеҳнии кишвар сарфароз гардонида мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар остонаи таҷлил аз Истиқлоли давлатӣ ба гурӯҳи калони намояндагони касбу кори гуногун унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим менамояд.


Низомиëни тоҷик дар "Биатлони танкӣ"- и Маскав медали биринҷӣ ба даст оварданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед