Ru  | Tj
Дурбинҳои назоратӣ дар истгоҳҳои Душанбе фаъол шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дурбинҳои назоратӣ дар истгоҳҳои Душанбе фаъол шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дурбинҳои назоратӣ дар истгоҳҳои Душанбе фаъол шуданд

Нашр шуд

Дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ бо ҳадафи танзими ҳаракат дар роҳҳои мошингард насб шудаанд.

Шаҳрдории Душанбе дар ҳамкорӣ бо КВД “Шаҳри ҳушманд” дар пойтахт лоиҳаи “Rexgen”-ро  роҳандозӣ кард. Лоиҳаи мазкур сабти нақзи қоидаҳои таваққуфи нақлиёт дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятии ҳудуди шаҳри Душанберо дарбар мегирад.

Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, ин низом бо истифода аз таҷҳизоти сабти видео ва аксбардорӣ ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла таваққуфи нодурусти худравҳо дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятиро сабт мекунад. Дурбинҳо қоидавайронкуниро дар вақти аслӣ ба навор гирифта, барои мушаххас кардани навъи қоидавайронкунӣ ба марказ интиқол медиҳанд.

Сабти навор, аксгирӣ, ошкорсозии қоидавайронкунӣ ва ҷаримабандӣ вазифаи асосии дурбинҳои “Насли дигар” мебошад. Ин низом дар шаҳри Душанбе давра ба давра дар се марҳилаи татбиқ мегардад.

Марҳилаи аввали он 24-уми июн  расман мавриди баҳрабародӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа Рустам  Мирзомуродзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти низоми нави сабти қоидавайронкунӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти таваққуфи худравҳо дар дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ бартараф шавад.

Дар доираи тарҳи мазкур дурбинҳои назоратӣ дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе насб шудаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Душанбе лоиҳаи  “Шаҳри бехатар” амал мекунад, ки дурбинҳои назоратии он дар беш аз 70 чорроҳаи пойтахт ва инчунин дар маконҳои ҷамъиятӣ насб шудаанд.

Ҳамзамон қобили зикр аст, ки рӯзи 20 июн дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон ва атрофи он дурбин ва радарҳои худкор ба фаъолият оғоз карданд, ки панҷ намуди нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингардро сабт мекунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед