Ru  | Tj
Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Маҷористон баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Маҷористон баррасӣ гардид
Акс: Mfa.tj

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Маҷористон баррасӣ гардид

Нашр шуд

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои маҷории худ мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми декабр ҳангоми вохӯрӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Леванте Мадяр дурнамои густариши муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба таъкиди манбаъ, дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо диққати махсусро ба рушд додани муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Маҷористон дар самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, обу энергетика ва фарҳангу маориф равона намуданд.

Гуфта мешавад, ки намояндаи Тоҷикистон ва Маҷористон ҳавасмандии амиқи худро ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баён намуданд.

Зикр мегардад, ки мулоқоти ду ҷониб дар доираи Саммит ва Намоишгоҳи Planet Budapest 2021 доир гардид.

Саммит ва Намоишгоҳи Будапешт-2021 рӯзи 29-уми ноябр оғоз гардида, то 5-уми декабр давом хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки ҳайати Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои хориҷа Шараф Шерализода роҳбарӣ менамояд.


Вазири тоҷик дар Маскав: Бунёди нерӯгоҳи Роғун ба манфиати Русия низ ҳаст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед