Ru  | Tj
Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар шаҳри Лвов баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар шаҳри Лвов баррасӣ гардид
Акс: Интернет

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар шаҳри Лвов баррасӣ гардид

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо раиси вилояти Лвови Украина Максим Козитский дидори расмӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз Назризода ва Козитский атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаҳои иқтисоду савдо, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот, таваҷҷӯҳи хоса ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкориҳо байни минтақаҳои ин ду кишвар зоҳир гардидааст.

Моҳи июни соли 2021 намояндагони ширкати "Днепроэнергостал"-и Украина аз  корхонаҳои коркарди пахта ва корхонаҳои дигари Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид намуда, ба мувофиқа расиданд, ки як корхонаи муштарак хоҳанд сохт.

Инчунин, ширкати украинии  "Днепроэнергостал" бо корхонаи воҳиди давлатии "Садаф" ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад.

Сафири тозамансуби Белорус дар Душанбе ба фаъолияти дипломатӣ шурӯъ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед