Ru  | Tj
Дурнамои равобити тиҷоратии Эрону Тоҷикистон. “Ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш меёбад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дурнамои равобити тиҷоратии Эрону Тоҷикистон.  “Ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш меёбад”
Акс: Sputnik

Дурнамои равобити тиҷоратии Эрону Тоҷикистон. “Ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш меёбад”

Нашр шуд

Тибқи иттилои сомонаи “Иран.ру” сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон ба дурнамои тиҷоратии ду кишвар пардохтааст.

 Низомиддин Зоҳидӣ дар конфронсе, ки дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон баргузор шуда буд, гуфтааст, ки мувофиқи созишнома миёни Эрон ва Тоҷикистон, ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт.

 Сафир Зоҳидӣ иброз намуд, ки равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон 160 санади ҳамкориро дар бар мегиранд.

Сафир бо ишора ба ҳадафҳои дарозмуддати ду кишвар дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз густариши робитаҳо хабар додааст.

 “Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда миёни ду кишвар ҳаҷми табодули молии дуҷониба то ба 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт”, гуфтааст сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон.

 Сафири фавқулода ҳамчунон аз талоши Тоҷикистон барои узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ёдовар кардааст.

 Ӯ гуфтааст: “Узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нафъи ҳамаи кишварҳо хоҳад буд ва мо барои ин кор талоши муштарак мекунем”.



Дар Дубай ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед