Ru  | Tj
Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Нашр шуд

 
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷаи кишвар  муовини Вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири  Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл мулоқот ва гуфтугӯ намудааст. 

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар кардаанд.

Ҳамчунин ду тараф алоқамандии худро барои густаришу таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн иброз дошта, идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим донистаанд.

Туркия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки вақтҳои охир миёни кишварҳо ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар ҳоли рушд қарор гирифтааст.     


Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба кори кишоварзонро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед