Ru  | Tj
Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ карда шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ карда шуд

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Су вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, мулоқоти ҷонибҳо рӯзи 5-уми марти соли 2022 ба вуқӯъ пайвастааст.

Зимни дидор ҷонибҳо перомуни вазъи феълӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Корея мубодилаи афкор намудаанд.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаи дар доираи созмонҳои байналмилалӣ идома додани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея аҳамиятнок арзёбӣ карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Ҷумҳурии Корея дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ Барномаи кӯмаки расмии Корея барои рушд (ODA) ва Қарзҳои имтиёзноки Фонди рушди ҳамкориҳои иқтисодии Кореяро (EDCF) татбиқ менамояд.

Ҳамчунин, Бонки марказии Корея аз соли 2018 инҷониб дар Тоҷикистон лоиҳаи кӯмаки техникӣ ба бонкҳоро амалӣ менамояд.


Дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед