Ru  | Tj
Душанбе аввалин бор мизбони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе аввалин бор мизбони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Душанбе аввалин бор мизбони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон мешавад

Нашр шуд

Бо ибтикори шаҳрдори Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бори нахуст дар ин кишвар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни ҷавонон баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз беҳтарин варзишгарони ҷавони то 21-сола аз панҷ қораи ҷаҳон ширкат меварзанд.

Ин мусобиқа аз 2 то 5 октябр дар толори Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, барои ширкат дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 290 ҷудокори ҷавон аз 48 кишвари 5 қораи олам дархост пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо байни ҷавонон аз 17 варзишгар иборат аст. Тоҷикистонро дар ин сабқати ҷаҳонӣ Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Саъдӣ Маҳмадов (-60кг), Хайрулло Ғанизода (-60 кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Мусамир Каримзода (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), Муҳсин Маллаев (-100 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг) ва Фараҳманд Устопириён (+100 кг) муаррифӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 3-5 май дар Душанбе баргузор шуда буд, ҳафт медал (як нишони тило, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед