Ru  | Tj
Душанбе ба истиқболи ҷашни Истиқлол ва ҷоизадорони Олимпиада омода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе ба истиқболи ҷашни Истиқлол ва ҷоизадорони Олимпиада омода мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Душанбе ба истиқболи ҷашни Истиқлол ва ҷоизадорони Олимпиада омода мешавад

Нашр шуд

Дар Душанбе барои сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва истиқболи варзишгарони Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпии Порис омодагӣ мебинанд.

Дар шаҳрдории Душанбе барои дар сатҳи баланди таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ин хусус шуъбаи иттилоотии шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Зимни ҷаласа иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн маҳсуб мешавад ва аз ин рӯ дар пойтахти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили бошукуҳи Истиқлоли давлатӣ чандин барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ доир мешаванд.

Ҳамзамон зимни ҷаласа масъалаи пешвози мутантан ва сазовори ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Порис- 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Хотиррасон мекунем, ки се варзишгари шинохтаи тоҷик- Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100) аз ҷудо ва Давлат Болтаев (-92) аз риштаи бокс медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии Порисро ба даст оварданд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки субҳи рӯзи 14 август дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тамоми ҳаводорони варзиш метавонанд дар пешвози сазовори ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ иштирок намоянд.

Илова бар ин 14 август соати 19:30 дар Муассисаи давлатии «Амфитеатр»-и шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ чорабинии тантанавӣ дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ғолибони мақоми сеюмро дар Бозиҳои олимпӣ бо 10 000 доллар мукофотпулӣ қадрдонӣ мекунад.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 бо ҷоизаи раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла барои медали биринҷӣ бо 200 000 сомонӣ ҳавасманд гардонда мешаванд.

Илова бар ин ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ аз ҷониби шаҳрдории Душанбе бо хонаҳои истиқоматӣ қадршиносӣ мегарданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед