Ru  | Tj
Душанбе: Дар ниммарафони СҲШ шаҳрвандони Ӯзбекистон ғолиб омаданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе: Дар ниммарафони СҲШ шаҳрвандони Ӯзбекистон ғолиб омаданд
Акс: Интернет

Душанбе: Дар ниммарафони СҲШ шаҳрвандони Ӯзбекистон ғолиб омаданд

Нашр шуд

Дар Душанбе бахшида ба намояндагии Тоҷикистон дар СҲШ ниммарафон ташкил карда шуд.

Дирӯз дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмиллалии СҲШ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 400 нафар иштирок намуданд. Чӣ гунае, ки Кумитаи миллии Олимпӣ хабар медиҳад, масофаи марафон 21 км 97 метрро ташкил дода, намояндагон аз Олмо н, Ҷопон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар он ширкат варзиданд.

Дар ин ниммарафон намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шоҳрух Давлатов бо нишон додани натиҷаи 1:09.08 ҷойи аввалро ишғол кард. Ҳамчунин 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Самариддин Азимов, Ғайрат Олимов, Бобоҷон Яқинов ва Меҳробҷон Одинаев низ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба гирифтани ҷоиза сазовор гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар ниммарафони мазкур занҳо низ иштирок карданд. Намояндаи Ӯзбекистон - Азизахон Мирзоакбарова бо нишон додани натиҷаи 1:21.43 аввалин шуда ба хати охир (финиш) расид. Ҳамчунин чор давандаи тоҷик - Маҳина Баротова, Зулҳиҷа Ғаффорзода, Раҷабмоҳ Абдуллоева, Манижаи Рамазон ғолибони дав эълон гардиданд.

Барои ишғоли ҷойҳои аввал мукофотпулӣ ба андозаи 1500 доллар, ҷойҳои дуввум 800 доллар, ҷойҳои сеюм 600 доллар, ҷойҳои чаҳорум 500 доллар ва ҷойҳои панҷум 300 доллар муқаррар гардида буд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед