Ru  | Tj
Душанбе эстафетаи "Пойтахти фарҳангии ИДМ"-ро ба шаҳри Қарокӯли Қирғизистон супурд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе эстафетаи "Пойтахти фарҳангии ИДМ"-ро ба шаҳри Қарокӯли Қирғизистон супурд
Акс: ASIA-Plus

Душанбе эстафетаи "Пойтахти фарҳангии ИДМ"-ро ба шаҳри Қарокӯли Қирғизистон супурд

Нашр шуд

Ду рӯз қабл дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон маросими ботантанаи пӯшидашавии соли "Душанбе-пойтахти фарҳангии ИДМ-2021" баргузор гардид.

Ба гузориши расонаи "Kabar" соли оянда шаҳри Қаракӯли вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон, пас аз шаҳри Душанбе, расман "Пойтахти фарҳангии ИДМ-2022" эълон хоҳад шуд.

Ба таъкиди манбаъ, дар рафти чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ва муовини раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Бекетҷон Ҷумъахонов суханронӣ намуда, дар вазъияти тантанавӣ ҷониби Тоҷикистон эстафетаро ба намояндаи Қирғизистон супоридааст.

Хотиррасон менамоем, ки 21-уми марти соли равон шаҳри Душанбе расман пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон гардида буд.

Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, яке аз лоиҳаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими ҳар чӣ бештари зарфиятҳои фарҳангии давлатҳои узв роҳандозӣ гардидааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед