Ru  | Tj
Душанбе мизбони қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе мизбони қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Душанбе мизбони қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон мешавад

Нашр шуд

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ тими ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 25 нафар ҷудокор ширкат мекунад.

Аз 2 то 6 октябр дар шаҳри Душанбе қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон баргузор мешавад.

Дар ин бора моҳи марти соли равон дар шаҳри Тошканди Узбекистон миёни Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо созишнома ба имзо расида буд, хабар дод сомонаи varzishtv.tj.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони то 21-сола имкони иштирок карданро доранд. То имрӯз барои ширкат дар ин чемпионат 422 варзишгар (227 мард, 195 зан) аз 58 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.

Аз ҷумла, тими ҷудои Тоҷикистон ҳамчун мизбон дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 25 нафар (17 нафар миёни писарон, 7 нафар миёни духтарон) ширкат мекунад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар миёни мардон дар вазни 60 кг: Лоиқ Қутбиддинов, Саъдӣ Маҳмадов, Хайрулло Ғанизода, -66 кг: Самиршо Муҳаббатов, Умар Шеров, Муқтадири Бобоҷон, -73 кг: Муҳиддин Асадуллоев , Илҳомиддин Ҷабборов, -81 кг: Аминҷон Абдуҷалилзода, Сунатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода, -90 кг: Мусохон Ғаниев, Музамир Каримзода, Сомонӣ Кишваров, -100 кг Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев ва +100 кг Аҳмад Табаров, Фараҳманд Устопиров шомил ҳастанд.

Аз миёни бонувони ҷудокор бошад дар қаҳрамонии ҷаҳон барои наврасон дар вазни - 48 кг Зуҳал Ҷумъаева, Райҳона Розиқзода, -52 кг: Мадина Қурбонзода, -57 кг: Александра Кан, Раҳмия Ханҷарбекова, -63 кг: Ҷонона Назарова ва +78 кг Виктория Киселева ширкат хоҳанд кард.

Ҳамчунин, тими ҷудои Тоҷикистон миёни ҷавонон бори аввал дар зӯрозмоии даставии омехта иштирок менамояд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ барои мақоми аввал 2500 евро, дуюм 1500 евро ва ҷои сеюм 850 евро қадрдонӣ мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед