Ru  | Tj
Душанбе мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Душанбе мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё мешавад

Нашр шуд

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21 то 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, дар гурӯҳи «Е» тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ, ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 6 то 23 феврал дар Чин баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 16 сентябр дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии нахустини худро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 анҷом медиҳад.

Дар бозии ифтитоҳии гурӯҳи «Е» футзалбозони Тоҷикистон бо қаҳрамони Африқо – тими миллии Марокаш рақобат хоҳанд кард. Бозӣ дар маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед