Ru  | Tj
Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ мешавад
Акс: "Ховар"

Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ мешавад

Нашр шуд

Аввалин қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе нахустин қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштини миллӣ рӯзҳои 30-31 август дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа иштироки зиёда аз 200 варзишгар аз 60 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Рақобатҳо аз рӯи нӯҳ вазн, се вазн миёни занон ва шаш вазн байни мардон сурат мегирад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи мазкур 400 ҳазор доллар аст. Ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 10 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 5 ҳазор доллар тақдим мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2022 варзиши миллии тоҷикон - гуштингирӣ мақоми байналмилалиро касб кард.

Бояд гуфт, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ дар риштаи гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” баргузор шуд. Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед