Ru  | Tj
Душанбе мизбони Рӯзҳои фарҳанги Қатар мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе мизбони Рӯзҳои фарҳанги Қатар мешавад

Душанбе мизбони Рӯзҳои фарҳанги Қатар мешавад

Нашр шуд

Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мегардад, иттилоъ дод Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ифтитоҳи расмии чорабиниҳо шоми рӯзи 16 октябр дар бинои театри Опера ва балети ба номи С.Айнӣ сурат гирифта, то рӯзи 18 октябр идома меёбад.

Дар ин рӯз ҳамчунин дидори Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ, вазири фарҳанги Давлати Қатар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қатар ҳамарӯза аз соати 17:30 то 22:00-и шаб идома ёфта, шомили намоишҳои санъатӣ-анъанавии Қатар, намоиши филмҳо аз Бунёди филмҳои “Давҳа-филм”, консерти сарояндаи машҳури Қатар Мансур Ал-Маҳандӣ, намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳинобандӣ ва хаймаи қабули меҳмонон мебошад.

Дар ин миён ҳайати меҳмонони давлати Қатар, ки ҳудуди сад нафарро ташкил медиҳанд аз мавзеъҳои зебои Тоҷикистон ба мисли нерӯгоҳи обии Норак, майдони “Истиқлол”, масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва маркази хизматрасонии “Дунёи ош” дидан менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки ин чорабиниҳо нахустин буда, ба муносибати 30-солагии барқарории равобити дипломатии Тоҷикистон ва Қатар баргузор мешавад.

Гуфтанист, муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар моҳи декабри соли 1994 барқарор гардид. Моҳи ноябри соли 2012 сафорати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 сафорати Тоҷикистон дар Давҳа ифтитоҳ шуданд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед