Ru  | Tj
Душанбе – шаҳри эмин аз COVID-19. Беш аз 99,6 фисад аз сокинони пойтахт ваксина гирифтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе – шаҳри эмин аз COVID-19. Беш аз 99,6 фисад аз сокинони пойтахт ваксина гирифтаанд
Акс: Sputnik

Душанбе – шаҳри эмин аз COVID-19. Беш аз 99,6 фисад аз сокинони пойтахт ваксина гирифтаанд

Нашр шуд

Ҳудуди 99,6 дарсади сокинони пойтахти Тоҷикистон зидди бемории коронавирус ваксина гирифтаанд.

Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки ҳудуди 99,6 фисади сокинони Душанбе ва дар маҷмӯъ 39,6% фоиз сокинони кишвар аз бемории COVID-19 эм шудаанд.

Гуфта мешавад, ки то 20-уми сенятбр 2 миллиону 307 ҳазору 140 нафар нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксиназанӣ фаро гирифта шуда, вояи дуюми ваксинаро 1 миллиону 565 ҳазору 281 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

То имрӯз ба Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксина ворид шудааст. Айни замон чор намуди ваксина – AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Sputnik V ба мардум пешниҳод мегардад.

Қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом намуда буд, ки то охири сол бояд 62,5 фисади сокинони кишвар ваксина бигиранд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар шаҳри Душанбе аз 29-уми август ва дар Тоҷикистон аз 14-уми сенятбр ба ин сӯ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Наваскарони Тоҷикистон ду маротиба аз озмоиши зидди Covid-19 мегузаранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед