Ru  | Tj
Душанбе ва Исломобод шарики стратегӣ шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе ва Исломобод шарики стратегӣ шуданд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Душанбе ва Исломобод шарики стратегӣ шуданд

Нашр шуд

Тоҷикистон ва Покистон дар доираи сафари Шаҳбоз Шариф ба Душанбе 9 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон асри рӯзи 2 июли дар Душанбе миёни ду кишвар бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф ба изҳороти муштарак ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Покистон имзо гузоштанд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Баъдан Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон барои солҳои 2025-2026, санади ҳамкорӣ ҷиҳати густариши содироту воридоти молу маҳсулоти саноатӣ, Созишномаи ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон ба имзо расид.

Инчунин ду кишвар Харитаи роҳ барои рушди сайёҳӣ, ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Покистон,  тафоҳумнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Панҷоби Покистон ва санади ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шӯрои крикети Покистонро ба имзо расониданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти матбуотии муштарак бо ишора ба имзои Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни ду кишвар таъкид кард, ки сатҳи сифатан нави робитаҳои ду ҷониб омили рушди самарабахш дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ хоҳад гардид.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ барномаи КАСА–1000 аст, ки ҷараёни татбиқи ин лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқ дар маркази диққати ду кишвар қарор дорад.

Аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки кишвараш барои  истифода аз имконоти бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа манфиатдор аст.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Покистон нисбат ба соли пешӣ 1,6 маротиба афзуда, ба 52,7 миллион доллар расид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед