Ru  | Tj
Душанбе ва Маскав масоили амнияти иттилоотиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе ва Маскав масоили амнияти иттилоотиро баррасӣ карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Душанбе ва Маскав масоили амнияти иттилоотиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Дипломатҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи муборизаи муштарак алайҳи паҳн шудани маълумоти бардурӯғ дар бораи равобити ду кишвар дар расонаҳо гуфтугӯ карданд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.

Рӯзи 17 сентябр дар видеоконфронси роҳбарони сохторҳои дахлдори вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар мавриди таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо расонаҳо машваратҳо доир гардиданд.

«Аҳамияти кори муштарак дар муқобили паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар фазои расонаии ду кишвар дар бораи Русия, Тоҷикистон, равобити Русия ва Тоҷикистон, инчунин дар мавзӯи муносибати байни миллатҳо таъкид карда шуд», - хабар дод Вазорати корҳои хориҷаи Русия.

Ин ниҳод афзуд, ки дар ҷараёни музокирот «дар доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба бо таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии минбаъда дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ» табодули афкор сурат гирифт.

Хотиррасон мекунем, ки чанд рӯз қабл Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кард, ки муваққатан аз сафар ба Русия ва Белорус худдорӣ кунанд. Сабаби ин ҳолат ташдиди назорат дар гузаргоҳҳои марзии Русия гуфта мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед