Ru  | Tj
Душанбе ва Маскав рушди ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе ва Маскав рушди ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Душанбе ва Маскав рушди ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард

Нашр шуд

Русия дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми аввалро дошта, муомилоти тиҷоратии ду кишвар аз аввали соли ҷорӣ ба беш аз 1,2 млрд доллар расидааст.

Рӯзи 4 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Дар ин бора хабаргузории расмии «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя, энергетика, муҳоҷират, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми муомилоти тиҷоратии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ беш аз 1 млрд 268 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 14,3% бештар аст.

Бояд гуфт, ки тайи чанд соли ахир Русия дар байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол мекунад. Русия асосан ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, хӯрокворӣ, маводи кимиёвӣ, чӯбу тахта, металҳои сиёҳ ва таҷҳизоти механикиву техникӣ содир мекунад.

Дар баробари ин Русия мизбони беш аз 90 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед