Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба баррасии масъалаи ифтитоҳи сарҳад оғоз намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба баррасии масъалаи ифтитоҳи сарҳад оғоз намуданд

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба баррасии масъалаи ифтитоҳи сарҳад оғоз намуданд

Нашр шуд

Тайӣ ду руз дар шаҳри Душанбе ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвазир Абдулло Орипов гуфтушунидҳо баҳри рушд ва тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба хоҳанд гузаронид. Ҳайати расмиро роҳбарону вазирони ҳамаи мақомотҳои давлатӣ ва гуруҳи калони соҳибкорони ин кишварро ташкил медиҳанд.

Масъалае, ки зери таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифтааст ин масъалаи парвозҳои ҳавои ва кушодани сарҳадҳо мебошад, ки  ин мавзуъ дар мулоқоти рузи дуюм ба нақша гирифта шудааст.

Ӯзбекистон аллакай аз 1 октябр бо зиёди кишварҳо сарҳадҳои худро боз мекунад, аммо бо риояи махсусӣ зиддӣ коронавирус ва пешниҳоди натиҷаи ташхис. Тоҷикистон бошад то имруз танҳо барои донишҷуёни Афғонистон иҷозати ворид шуданро додааст, шаҳрвандони худи Тоҷикистон бошанд тавассути рейсҳои чартери ба Донишгоҳҳои худ парвоз карда истодаанд. 

Дар як қатор вохуриҳо доир ба дигар масъалаҳо машваратҳо хоҳад гузашт. Бояд гуфт, ки Миёни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, молия, тиҷорат, нақлиёт, маориф, фарҳанг ва ғайра муносибатҳои хуб ба роҳ монда шудааст, ва дар нақша баргузории дуюмин бизнес-форуми соҳибкорони ҳар ду кишвар бо иштироки меҳмони олимақом сарвазир Абдулло Орипов ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузашт. Аввалин бизнес-форуми дуҷониба баъд аз Пандемия 18 сентябри соли 2020 баргузор гардид, ки дар он намояндаҳо аз 172 ширкати ӯзбекистонӣ ширкат намуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед