Ru  | Tj
Душанбе ва Тошканд масъалаи таъйини марзро баррасӣ кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе ва Тошканд масъалаи таъйини марзро баррасӣ кардаанд
Акс: аз Интернет

Душанбе ва Тошканд масъалаи таъйини марзро баррасӣ кардаанд

Нашр шуд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки рӯзҳои 23 то 30 ноябр дар Душанбе нишасти навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки таъйину аломатгузории марз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар раванди ин музокирот масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Ҷузъиёти бештар аз ин музокироти марзӣ ифшо нашудааст. Танҳо зикр шудааст, ки музокироти баъдӣ дар масъалаҳои марзӣ ояндаи наздик дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар қаламрави Ӯзбекистон чунин як мулоқот баргузор гардид ва пас аз анҷоми он протоколи дахлдор аз сӯйи гурӯҳҳои кории ҳар ду давлат имзо шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километи он муайян шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран президентҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ду ҳамсоякишвари Тоҷикистон бо имзои асноди зарурӣ ба баҳсҳои марзӣ миёни Бишкек ва Тошканд нуқта гузоштанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед