Ru  | Tj
Дувумин бонки бузурги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон намояндагӣ кушод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дувумин бонки бузурги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон намояндагӣ кушод
Акс: Интернет

Дувумин бонки бузурги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон намояндагӣ кушод

Нашр шуд

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон намояндагии дувумин бонки бузург ва низомсози Тоҷикистон оғоз ба фаъолият кард.Ба иттилои дафтари матбуоти "Ориëнбонк", ин бонк иҷозатномаи фаъолият дар Ӯзбекистонро дарëфт намудаву дар пойтахти ин кишвар дафтари намояндагии худро боз кардааст.

Гуфта мешавад, Бонки марказии Ӯзбекистон ба "Ориëнбонк" барои фаъолият давоми се соли оянда дар қаламрави мамалакат иҷозатнома додааст.

Зикр шудааст, ки намояндагии "Ориëнбонк" дар Тошканд ба дарёфти шарикон, гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ ва тадқиқоти маркетингӣ машғул мешавад ва  ҳуқуқ надорад  амалиёти бонкӣ анҷом диҳад.

 Ин дар ҳолест, ки қаблан ду ташкилоти молии Тоҷикистон - "Алиф Тек" ва "Алиф Молия", ки тобеи "Алиф бонк" мебошанд, дар Ӯзбекистон иҷозати фаъолият дарëфт намуда буданд.

"Ориёнбонк" соли 1991 таъсис ëфта, аз шумори бонкҳои низомсози кишвар аст ва ҳиссаи он дар бозори миёнаравии молӣ аз рӯи нишондиҳандаи умумӣ андаке бештар аз 20 фоизро ташкил медиҳад.

Бонки ҷаҳонӣ: Миёни кишварҳои ИДМ сатҳи баландтарини рушдро иқтисоди Тоҷикистон касб менамояд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед