Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дуввумин пирӯзии Асрор Воҳидов дар мусобиқаи интихобии Олимпӣ дар Тайланд
Нашр шуд
Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар рақобати худ дар Тайланд пирӯзӣ ба даст овард. Дар шаҳри Бангкок муҳорибаҳои мусобиқаи интихобии олимпӣ идома дорад.
Дар ин мусобиқа 578 муштзан аз 132 давлат дар 13 вазн (7 вазни мардҳо, 6 вазни бонувон) барои 51 роҳхати боқимонда (28 роҳхат барои мардҳо, 23 роҳхат барои бонувон) талош доранд.
Тибқи иттилои сомонаи varzishtv.tj, шоми 28-уми май муштзанҳои Тоҷикистон Фотима Бегмуродова ва Асрор Воҳидов рақобатҳояшонро доир карданд. Асрор бо пирӯзӣ ва Фотима бо бохт рақобатро ҷамъбаст карданд.
Асрор Воҳидов (57 кг) рақобати дуюмашро бидуни мушкили муқобили намояндаи Косово – Башким Боҷоку бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 бо ғалаба ба анҷом расонид. Дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Асрор Воҳидов рӯзи 30-юми май рӯи ринг рақобатро идома медиҳад.
Фотима Бегмуродова (54 кг) бошад дар даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ дар Тайланд аз муштзани маҷорӣ Ҳанна Лакотар мағлуб шуд.
Ҳамзамон имрӯз дар мусобиқаи мазкур ду муштзани дигари Тоҷикистон вориди рақобатҳо мешаванд.
Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) дар даври аввал бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ – Ким Доҳйеон нерӯсанҷӣ мекунад.
Нилуфар Бобоёрова (66 кг) бошад дар даври аввал бо Седя Саного қувваозмоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан аз муштзанҳои тоҷик Шоира Зулқайнарова (60 кг) , Шамшер Саидов (71 кг) ва Некрӯз Салимов (80 кг) мағлуб шуда, аз ҳаққи ба даст овардани роҳхати олимпӣ бенасиб монда буданд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед