Ru  | Tj
Дуюмин ғалабаи наврасони тоҷик дар "Ҷоми рушд-2021"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дуюмин ғалабаи наврасони тоҷик дар "Ҷоми рушд-2021"
Сурат: ФФТ

Дуюмин ғалабаи наврасони тоҷик дар "Ҷоми рушд-2021"

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби наврасони тоҷик то синни 17 дар "Ҷоми рушд-2021" иштирок намуда истодаанд ва дар дувумин бозии худ бар дастаи наврасони Молдова пирузӣ ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки дастпарварони Аҳлиддин Турдиев дар ин бозӣ низ бо ҳисобӣ калон бозиро бурданд ва ба дарвозаи ҳариф 5 гол заданд.

Муаллифи голҳо Ҳукмиддин Шомуродов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷурабекзода ва Суннатулло Азизов мебошанд.

Дар бозии аввали худ ҷавонони тоҷик бо ҳисоби 7:1 ғолиб шуданд ва як бозии дигар дар ин гурӯҳ 6тфеврал бо дастаи мизбони "Ҷоми рушд-2021" Беларус интизор аст.
"Ҷоми рушд-2021" дар шаҳри Минск гузашта истодааст.

Наврасони Тоҷикистон ҳамсолини қазоқи худро шикаст доданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед