Ru  | Tj
Эҳзори сафири Амрико ба вазорат: Тоҷикистон ба суханони Байден эътироз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эҳзори сафири Амрико ба вазорат: Тоҷикистон ба суханони Байден эътироз кард
Акс: Озодӣ

Эҳзори сафири Амрико ба вазорат: Тоҷикистон ба суханони Байден эътироз кард

Нашр шуд

Сафири Амрико ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эҳзор гардид ва ба ӯ оид ба суханони Президенти кишвараш ёддошти эътирозӣ расонида шуд.

Ба иттилои Вазорати хориҷӣ, 14-уми сентябр Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷӣ эҳзор ва ба вай дар мавриди суханони Президенти кишвараш Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супорида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ёддошти эътирозии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки ин гуна суханҳо “ба рӯҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошанд”.

Вазорати корҳои хориҷии кишвар афзудааст, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди пешбурди равобити судманд бо Иёлоти Муттаҳида дар рӯҳияи ёрӣ ва эҳтироми якдигар аст.

Ҷо Байден 11-уми сентябри соли равон ҳангоми боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар штати Пенсилвания зимни ёдоварӣ аз часпидани афғонҳо ҳини парвоз ба чархҳои ҳавопаймои Амрико барои хориҷ шудан аз Афғонистон номи Тоҷикистонро низ ба забон овард.

Вай аз ҷумла гуфт: “Масалан, агар мо дар Тоҷикистон низ мебудем ва ҳавопаймои C-130 оварда, мегуфтем, ки ба ҳамаи онҳое, ки ҷонибдори моянд, иҷоза медиҳем ба ҳавопаймо савор шаванд, шумо он ҷо низ одамонро дар чархҳо овезон медидед».

Ин суханони ӯ миёни коробарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ низ вокунишҳои зиёди манфӣ дошт ва аксар мегуфтанд, ки чунин ҳарф задан хилофи одоби сиёсист.

Раҳимзода бо Сафири Туркия тақвияти муборизаи муштарак бо терроризмро баррасӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед