Ru  | Tj
Екатеринбург ба маркази интиқоли меваҳои Тоҷикистон табдил меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Екатеринбург ба маркази интиқоли меваҳои Тоҷикистон табдил меёбад
Акс: аз манбаъҳои боз

Екатеринбург ба маркази интиқоли меваҳои Тоҷикистон табдил меёбад

Нашр шуд

Интиқоли меваҷот аз Тоҷикистон ба Урали Миёна мавзӯи меҳварии мулоқоти муовини раиси вилояти Свердловск бо муовини раиси идораи гумруки вилояти Суғд буд.
 
Дар шаҳри Екатеринбург Василий Козлов, муовини губернатори вилояти Свердловски Русия бо Фарҳод Зикруллоев, муовини раиси Идораи гумруки вилояти Суғди Тоҷикистон масъалаи ташкили интиқоли меваҷот аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловскро баррасӣ кард.
 
Мулоқот дар доираи сафари ҳайати вилояти Суғд ба Урали Миёна сурат гирифт, хабар дод “Урал Меридиан” бо такя ба дафтари мутбуотии ҳукумати Свердловск.
 
Ба иттилои манбаъ, Василий Козлов зимни мулоқот изҳор дошт, ки дар ин вилоят талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон зиёд буда, онҳо ба васеъ намудани номгӯй ва ҳаҷми интиқоли меваҷот манфиатдоранд.
 
Бояд гуфт, ки моҳи майи соли ҷорӣ сафари ҳайати вилояти Свердловск ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар пайи он ҷиҳати содироти меваҷот, аз қабили олу, зардолу, шафтолу ва тарбузи зардии бедона ба ин вилоят қарордод ба имзо расид. Ҳамчунин бастани шартномаҳо миёни ду ҷониб барои интиқоли себ, ангур, лиму, пиёз, чормағз ва меваи хушк дар назар аст.
 
Дар мулоқот Василий Козлов пешниҳод кард, ки Екатеринбург ҳамчун маркази транзитӣ барои интиқоли минбаъдаи маҳсулот аз Тоҷикистон ба минтақаҳои шимолии Русия ва Шарқи Дур истифода шавад.
 
Аз сӯи дигар, Вячеслав Ярин, вазири равобити байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии вилояти Свердловск гуфт, ки Тоҷикистон шарики муҳими тиҷорати хориҷии минтақа аст.
 
Соли 2004 миёни вилояти Свердловски Русия ва Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ ба имзо расид, ки заминаи иҷрои тарҳҳои судманди мутақобилан судманд гардид.
 
Тибқи маълумоти расмӣ, гардиши мол байни корхонаҳои ҳавзаи федералии Урал ва Тоҷикистон дар соли 2023 қариб 200 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ин минтақаи Русия аз Тоҷикистон бештар филизот ва маҳсулоти филизӣ, зардолу, гелос, шафтолу, олу ва ангури тару тоза ворид мекунад. Аз ҷумла, соли 2023 бори аввал аз Тоҷикистон ба Урал 83,6 тонна тарбуз интиқол шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед