Ru  | Tj
«Эко таксӣ» бо садҳо худрави барқӣ дар Душанбе фаъол шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Эко таксӣ» бо садҳо худрави барқӣ дар Душанбе фаъол шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

«Эко таксӣ» бо садҳо худрави барқӣ дар Душанбе фаъол шуд

Нашр шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон боз як ширкати мусофирбар бо номи «Эко таксӣ» муаррифӣ шуд, ки нақлиёти он пурра барқӣ аст. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар дод.
 
Ба иттилои манбаъ, ин ширкати мусофиркашонӣ 400 худрави барқии муосир ба шаҳри Душанбе ворид намуда, дар доираи гузариш ба «иқтисоди сабз» ва тибқи консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026 ба фаъолият оғоз намуд.
 
Дар ин замина таъкид мешавад, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати мусофиркашонии таксӣ фаъолият менамоянд, ки 4350 худрав доранд. Дар ин миён 2451 адади он худрави барқӣ аст, ки 56, 3 дарсадро ташкил медиҳад.
 
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори ахири раиси шаҳри Душанбе ширкатҳои мусофиркашонӣ (таксӣ) дар пойтахт, муваззаф гардидаанд, ки то 1 сентябри соли 2025 пурра ба нақлиёти барқӣ гузаранд.
 
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028» тасвиб шудааст, ки тибқи он бояд саҳми нақлиёти барқӣ дар ин кишвар то 30 дарсад расонида шавад.
 
Дар ин росто ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ин барнома, ҳукумати Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқӣ, аз ҷумла, худрав ва автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёти барқиро аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ озод кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед