Ru  | Tj
“ЭКСПО-2020”. Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Дубай баргузор шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“ЭКСПО-2020”. Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Дубай баргузор шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

“ЭКСПО-2020”. Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Дубай баргузор шуд

Нашр шуд

Дар намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Ба гузориши «Emirates News Agency», 22-юми декабр дар «ЭКСПО 2020» дар Дубай Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар ин маросим Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Суҳайл бин Муҳаммад ал-Мазруӣ, Вазири энергетика ва инфрасохтори Аморот ва Наҷиб Муҳаммад Ал- Алӣ, мудири иҷроияи Дафтари Комиссари генералии «ЭКСПО 2020» дар Дубай ширкат ва суханронӣ намуданд. 

Манбаъ меафзояд, Вазири энергетика ва инфрасохтори Аморот зимни суханронии худ аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ситоиш кардаву гуфт, ки Тоҷикистон да “ЭКСПО 2020» дар Дубай иқтидори худро ҳамчун манбаи об дар Осиёи Марказӣ ба намоиш гузоштааст.  

Вай таъкид намуд, Тоҷикистон, ки дар мудирияти захоири об дар ҷаҳон нақши калидӣ дорад, аз ширкати худ дар ин намоишгоҳ барои густариши бештари ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебарад. 

«ЭКСПО - 2020» 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар маҷмааи «Ал- Васл»-и Дубай оғоз ёфта, шаш моҳ идома меёбад. 

Қаблан Палатаи савдо ва саноат гуфта буд, ки то 1-уми декабр беш аз 200 ҳазор нафар аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дидан кардаанд ва аксари онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон, Олмон, Фаронса ва Арабистони Саудӣ будаанд.

Ду ҳафта қабл Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳайон, Вазири хориҷии АМА зимни боздид аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ гуфта буд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик бузургтарин содиркунандаи нерӯи барқи “сабз” дар минтақа хоҳад буд.

"Назари рассом - нигоҳи ҳакими шарқ”- намоишгоҳи Аъзам Атаханов дар Маскав



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед