Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: 46 фоизи мардуми Афғонистон тоҷиконанд ва бояд дар Ҳукумати оянда мавқеи шоиста дошта бошанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: 46 фоизи мардуми Афғонистон тоҷиконанд ва бояд дар Ҳукумати оянда мавқеи шоиста дошта бошанд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: 46 фоизи мардуми Афғонистон тоҷиконанд ва бояд дар Ҳукумати оянда мавқеи шоиста дошта бошанд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бояд ҳарчӣ зудтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро имрӯз дар Қасри миллат дар мулоқоти худ бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ баён намуд.

Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳама гуна беқонунӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикону ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.

Президенти кишвар ба Вазири покистонӣ ёдрас намуд, ки сохтори давлатӣ дар Афғонистон бояд бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян шавад.

“Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бо роҳи зулму таъқиб ва бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он, таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард”. – зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки тоҷикон бояд дар Ҳукумати Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Ба андешаи Сарвари давлат, беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад.

Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои таъмини сулҳу субот дар ин кишвар мусоидат намоянд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин тарафҳо дар ин дидор масоили мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ҷараёни омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Покистон Имрон Хон ба Душанберо баррасӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз дар як нишасти матбуотӣ Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват карда буд, ки бо ҳаракати тундрави Толибон* (мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо), ки дар Афғонистон ба сари қудрат расидаанд, муколама барпо намоянд.

Ин мақоми олирутбаи Покистон дар ҳамон нишаст гуфта буд, ки вай барои баррасии вазъи Афғонистон ба Эрон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сафар хоҳад намуд.

Ахбори чанд рӯзи охири матбуоти ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки Толибон* баъди ғасби Ҳукумат аз ваъдаҳои қаблии худ бобати ташкили ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.



Рустами Эмомалӣ ва ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масоили обтаъминкунӣ ва корезӣ дар Душанберо муҳокима карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед