Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамкорӣ дар соҳаи амният самти муҳимми муносиботи Душанбеву Пекин аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамкорӣ дар соҳаи амният самти муҳимми муносиботи Душанбеву Пекин аст
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамкорӣ дар соҳаи амният самти муҳимми муносиботи Душанбеву Пекин аст

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо Вэй Фэнх, Вазири мудофиаи Чин ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳимми муносибатҳои Душанбеву Пекин унвон кард.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин 27-уми июл дар Қасри миллат баргузор гардидааст ва дар он тарафҳо роҳҳои таҳкими равобити ду кишвари ҳамсояро дар заминаи амният баррасӣ кардаанд.

Дар ин дидор таъкид шудааст, ки муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳо самти мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи амният мебошад.

Тарафҳо дар ин зимн ба вазъияти кунунии низомиву сиёсии Афғонистон ва дурнамои рушди он диққати махсус додаанд.

Зикр гардидааст, ки ташаннуҷи авзоъ дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон боиси афзоиши шиддати нооромӣ мегардад ва ин ҳолат ба вазъи умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Манбаъ мегӯяд, аз ин рӯ, ҳамкории наздик ва ҳамгироии хадамоти дахлдору сохторҳои махсуси ду кишвар зарур шумурда шудааст.

Ҳамчунин, дар мулоқот Сарвари давлат аз раванди мусбии рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон бо Чин изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки Чин яке аз се шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Ин кишвар аз соли 2013 бо Тоҷикистон шарики стратегӣ эълом шуда, ҳамкории Душанбеву Пекин ҳамасола ба таври чашмрас рушд меёбанд.

Президентҳо дар бӯстонсаройи Варзоб вохӯрии ғайрирасмӣ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед