Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ҳамномашро ба ҷойи Абдуҷаббор Раҳмонзода таъин намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамномашро ба ҷойи Абдуҷаббор Раҳмонзода таъин намуд
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон ҳамномашро ба ҷойи Абдуҷаббор Раҳмонзода таъин намуд

Нашр шуд

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Рӯзи 5-уми майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддинро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин намуд.

Насриддинзода Эмомалӣ 1 –уми марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуда буд. Номбурда 2-уми июли соли 1966 дар вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Бояд гуфт, ки қаблан рӯзи 4-уми май Президенти кишвар Абдуҷаббор Раҳмонзодаро аз ин мансаби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа барканор карда, ӯро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин кард.

Таъинотҳои кадри ду курсии парлумонро холи намуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед