Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизашро ба тамошои Варзоб бурд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизашро ба тамошои Варзоб бурд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизашро ба тамошои Варзоб бурд

Нашр шуд

Содир Ҷабборов шоми 28-уми июн вориди Душанбе шуд ва ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор” воқеъ дар ноҳияи Варзоб рафт.

Ба гузориши Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Содир Ҷабборовро, ки барои анҷоми як сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон омадааст, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар ашхоси расмӣ дар фурудгоҳ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин сафар дар назар аст, ки имрӯз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар баргузор шавад.

Манбаъ ҳамунин афзуда, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои қирғизи вай шоми душанбе бо мақсади шиносоӣ бо имконоти рушди сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб рафта, табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои кишварро тамошо карданд.

30 апрели соли равон, пас аз як муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, зимни он ҳамтои қирғизашро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Душанбе даъват карда буд. 

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед