Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни равобит бо Озарбойҷонро мусбат арзёбӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни равобит бо Озарбойҷонро мусбат арзёбӣ кард
Акс: Новости Центральной Азии

Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни равобит бо Озарбойҷонро мусбат арзёбӣ кард

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон зимни як гуфтугӯи телефонӣ бо Илҳом Алиев, ҳамтои озари худ ҷараёни рушди равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро мусбат арзёбӣ кард.

Ба гузориши Halva ба нақл аз Хадамоти матбуоти Президент, рӯзи 12-ум июл Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом дод ва зимни он роҳбарони ду кишвар ҷанбаҳои мубрами муносиботи дуҷонибаи Душанбеву Бокуро баррасӣ карданд.

Дар ин гуфтугӯ ҳолати низомиву сиёсии Афғонистон низ мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор гирифт ва Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев дар хусуси вазъияти ташвишовар дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи ин кишвар маълумоти муфассал дод.

Манбаъ мегӯяд, Президенти Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ибрози нигаронии амиқ кард.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Озарбойҷон даъват кард, то дар фурсати барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе биёяд.

Илҳом Алиев моҳи октябри соли 2014 бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада ва Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 ба Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом дода буд.

Мухриддин ва Ардакониён густариши равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед