Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Ашраф Ғаниро аз фирори низомиёни афғон ба Тоҷикистон дар ҷараён гузошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Ашраф Ғаниро аз фирори низомиёни афғон ба Тоҷикистон дар ҷараён гузошт
Акс: ASIA-Plus

Эмомалӣ Раҳмон Ашраф Ғаниро аз фирори низомиёни афғон ба Тоҷикистон дар ҷараён гузошт

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни як гуфтугӯи телефонӣ ҳамтои афғонашро аз ҳодисаҳои нави фирори хизматчиёни низомии кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дар ҷараён гузошт.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, дирӯз 4-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод ва зимни он тарафҳо ҷараёни ташвишовари рушди вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Манбаъ афзуд, дар ин гуфтугӯ ба шиддатёбии вазъият дар минтақаҳои шимолии Афғонистон, ки ҳамсарҳади Тоҷикистон аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда гардида, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ Раисҷумҳури Афғонистонро аз ҳодисаҳои нави маҷбуран убур кардани хизматчиёни низомии кишвари ҳамсоя аз хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҷараён гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон, чун кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар ин кишвар буда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд ва аз ҳамаи талошҳо ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯи Сарони ду кишвар дар ҳоле сурат гирифт, ки бегоҳи рӯзи 4 июл ҷангиёни ҳаракати Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистон) бидуни ягон амалиёт вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ишғол намуданд ва Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аз фирори боз 94 низомии афғон аз дасти Толибон дар минтақаи "Шоҳон" - и Отряди сарҳадии "Ш.Шоҳин" ба Тоҷикистон хабар дод. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчунин гуфт, ки айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Рӯзи 3-уми июл низ аз тариқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин беш аз 300 низомии афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд ва дар маҷмӯъ шумори низомиёни фирорнамудаи кишвари ҳамсоя ба мамлакати мо ба беш аз 545 нафар расидааст.

Вазъият дар марз: Низомиёни Афғонистон дар пайи ҳамлаи “Толибон” ба Тоҷикистон фирор карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед