Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири тозамансуби кишварҳои олам эътимоднома қабул кард
Нашр шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони тозамансуби кишварҳои хориҷиро дар Қасри миллат қабул кард.
Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Қасри миллат дар як маросими вижа аз 10 сафири тозатаъйин эътимоднома қабул намуд.
Дар ин маросим ба Сарвари давлат сафирони фавқулода ва мухтори Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Чехия, Лаҳистон, Эстония Ҷумҳурии Халқии Бангладеш эътимоднома супориданд ва ба фаъолияти дипломатии хеш дар кишвари мо расман оғоз карданд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сафирони нав дар Душанбе гуфт, ки Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогирро пеш гирифт ва бо роҳандозии усули “дарҳои боз” тавонист мавқеи хоси худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамеша эълом менамояд, ки Душанбе хостори густариши равобит бо тамоми кишварҳои дунё бар асоси эҳтироми тарафайн аст ва сиёсати “дарҳои боз” дар даврони истиқлол самараҳои назаррас ба бор овардааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед