Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард

Нашр шуд

Зимни баромади худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳонӣ ибрози андеша намудааст.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, рӯзи 2-юми март Сарвари давлат дар Қасри миллат аз 12 сафири фавқулода ва мухтори навтаъйини кишварҳои хориҷа эътимоднома қабул намудааст.

Таъкид мегардад, ки сафирони нав намояндагони дипломатии Ҷопон, Корея, Миср, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Салтанати Уммон, Исроил, Белгия, Австрия, Норвегия, Руминия Ордени Мухтори Малта ва Канада мебошанд.

Гуфта мешавад, ки сафирон баробари супоридани эътимоднома паёму дуруди роҳбарияти кишварҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон расонидаанд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат иброз доштааст, ки Тоҷикистон дар  30 соли мустақилият бо тамоми давлатҳои дуру наздик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар намудааст.

Зимнан, Президенти кишвар арз намудааст, ки пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти ҷаҳонӣ ҳамкории самараноки байналмиллалӣ ва таҳкими муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти дучанд касб кардааст.

Қайд гардидааст, ки Тоҷикистон феълан бо 180 давлати дунё робитаи дипломатӣ дорад.


Эмомалӣ Раҳмон ва Матвиенко ҳолат ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед