Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: «Аз 13 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст»

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: «Аз 13 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст»
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон: «Аз 13 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст»

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва рух додани офатҳои табиӣ, бахусус обхезӣ дар кишварро дар мубоҳисаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ намуд.

Ба маълумоти Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз Савари давлат дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба мушкилоти ивазшавии иқлим, обшавии пиряхҳо ва рух додани офатҳои табиӣ ҷалб намуд.

Ба таъкиди раисҷумҳур, Тоҷикистон ҳамасола дар натиҷаи офати табиӣ, бахусус обхезӣ садҳо миллион доллар зарар мебинад. Дар аксари ҳолат офатҳои табиӣ боиси марги одамон ва аз байн рафтани инфрасохторҳои ҳаётан муҳим мегарданд. Мушкилоти мазкур ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

Зикр гардид, ки 93%-и ҳудуди Тоҷикистон куҳсор аст ва кишвари мо дар баробари дигар давлатҳои минтақа аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки сабаби обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, он ба захираҳои обиву энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсирӣ манфӣ мерасонад, нигарон аст.

Эмомалӣ Раҳмон марбут ба мушкилоти обшавии пиряхҳои Тоҷикистон чунин ибрози ақида кард: "Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз 13 ҳазор пиряхи дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст. Тибқи омори дастрас танҳо пиряхи Федченко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир 11 километри мураббаъ, бо талафоти 2 километри мукааби ях коҳиш ёфтааст".

Чунин вазъ ба ҷуз аз Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳои минтақа бетаъсир намемонад, чунки то 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Ба иловаи сарвари давлат, Тоҷикистон аз рӯйи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар ҷаҳон дар мақоми 135-ум қарор дошта, 96% қувваи барқи он дар НБО истеҳсол мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар ҳама сатҳҳо, бахусус дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид иброз намуд.

Тоҷикистон чун узви гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он пешниҳод намуд, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад.




Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони милал. Садои Панҷшер ба гӯши ҷаҳон расид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед