Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои ОМ ва Чин даъват кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаи амниятро пурзӯр кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои ОМ ва Чин даъват кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаи амниятро пурзӯр кунанд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои ОМ ва Чин даъват кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаи амниятро пурзӯр кунанд

Нашр шуд

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар саммити Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки рӯзи 25-уми январ дар шакли маҷозӣ баргузор гардида буд, ироа шудааст.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот вазъи феълии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба баррасӣ кашида шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни саммит Сарвари давлат таъкид доштааст, ки бо назардошти вазъияти номусоиди ҷаҳон ва минтақа, инчунин таҳдиду хатарҳои муштарак кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро зарур аст, ки дар соҳаи амният ҳамкориҳоро густариш диҳанд.

Ҳамзамон, дар нишаст миёни сарони давлатҳои иштирокдори саммит перомуни масоили мубориза бо терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки нишасти мазкур нахустин буда, он ба 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шудааст.

Дар соли 2022 раёсати саммитро кишвардори Чин - Си Ҷинпин ба ӯҳда дорад.


Раҳмон аз Пашинян даъват ба амал овард, ки масоили марзиро бо роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед